11 феврали соли 2023, соати 10:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-019-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (734025, ш. Душанбе, Буни Ҳисорак, бинои 11, ошёнаи 5, толори Шӯрои диссертатсионии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ) ҳимояи диссертатсияи Давлатов Бахтиёр Саидакбарович дар мавзуи “Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои саркашӣ аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо аз шахсони ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рўйи ихтисоси 12.00.08 – Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология; ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ баргузор мегардад.

Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхона донишгоҳ бо нишонии 734025, ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

07:31, 22nd December 2024
«  Декабр 2024  »
ЯДСЧПҶШ
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031