- Пурра
-
Санаи нашр: 27. Март 2023
-
1929
27 майи соли 2023, соати 10:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-019 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 17) ҳимояи диссертатсияи Шерализода Ҷомӣ Шералӣ дар мавзуи «Ислоҳоти конститутсионӣ дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳлили ҳуқуқӣ - конститутсионӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзад илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.02 – Ҳуқуқи конститутсионӣ; ҳуқуқи мурофиаи судии конститутсионӣ; танзими ҳуқуқии ҳокимияти маҳаллӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 17 шинос шудан мумкин аст.