23 сентябри соли 2023, соати 13:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-036 назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (734019, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Муҳаммадиев, 17/6) ҳимояи Юсупова Бибиҷон Ғаниҷоновна дар мавзуи “Ҷойгоҳи ҷумла дар низоми наҳви забон (бар мабнои романи “Фирдавсӣ”-и Сотим Улуғзода)” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми филология аз рӯйи ихтисоси 10.02.19 – Назарияи забон баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДБЗХТ ба номи С. Улуғзода ва дар китобхонаи Донишгоҳ бо нишонии 734019, шаҳри Душанбе, кӯчаи Муҳаммадиев, 17/6 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

10:07, 20th May 2024
«  Май 2024  »
ВПВСЧПС
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031