21 сентябри соли 2023, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-035, дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Абдулзода Зиёдулло Назар дар мавзӯи «Туҳфаи шоҳӣ»-и Мирзо Абдулазими Сомӣ ҳамчун сарчашмаи таърихӣ” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 07.00.09 – Таърихнигорӣ, манбаъшиносӣ ва методҳои таҳқиқоти таърихӣ (илмҳои таърих) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дар китобхонаи Марказии илмии АМИТ бо нишонии 734025 ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ, 33 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

08:26, 3rd July 2024
«  Июль 2024  »
ВПВСЧПС
123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031