17 феврали соли 2024, соати 09:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-046 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров» (ш. Хуҷанд, кӯчаи Мавлонбеков 1) ҳимояи диссертатсияи Зиёвиддинзода Зулолиддин Зиёвиддин дар мавзӯи «Асосҳои педагогии таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мисоли фанҳои риёзӣ-табиӣ)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.08 – Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ (13.00.08.01 – Назария ва методикаи фанҳои дақиқ) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735700, ш. Хуҷанд, кӯчаи И. Сомонӣ 224 шинос шудан мумкин аст.

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

10:20, 10th March 2025
«  Март 2025  »
ЯДСЧПҶШ
1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031