- Пурра
-
Санаи нашр: 30. Июн 2017
-
10697
Рӯзи 28-уми июн ҷаласаи навбатии Раёсати КОА баргузор гардид, ки дар кори он масъалаҳои зерин баррасӣ ва хулосабардорӣ карда шуданд:
- Дастурамал оид ба тартиби барасмиятдарории диссертатсияҳо барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос, номзади илм ва доктори илм, авторефератҳо ва мақолаҳои чопшуда доир ба мавзӯи диссертатсия.
- Дастури ташхиси диссертатсияҳои ба забони хориҷӣ (англисӣ) омодагардида.
- Тартиби дар шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии «Интернет» ҷойгир намудани иттилооти зарурӣ барои таъмини тартиби додани дараҷаҳои илмӣ.
- Масъалаҳои ҷорӣ.
Аъзои Раёсати КОА масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи мазкурро таҳти муҳокимаи ҷиддӣ қарор дода, аз рӯйи ҳар кадоми онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд.