Санаи 19 феврали соли 2024 дар толори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ оид ба риояи ҷанбаҳои забонӣ ва ҳуқуқии қоидаҳои имло ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ бо иштироки раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон ва мудири шуъбаи танзими истилоҳот - Зулфониён Раҳим Раҷабзода баргузор гардид. Дар семинар вобаста ба риояи талаботи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ табодули афкор сурат гирифт.
Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон дар суҳбати хеш қайд намуд, ки «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» бояд дар заминаи меъёрҳои комилан дурусти илмӣ таҳия карда шаванд, зеро ин ба манфиати кулли ҷомеа – ҳар як забономӯзу коргузор аст ва дар роҳи дурусти пешбурди сиёсати давлат дар бораи забони давлатӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Сипас, аҳли нишаст дар музокираҳо перомуни риояи масъалаҳои забонӣ, услубу сабки истифодаи калима ва истилоҳот иштирок намуданд.
Дар фарҷом роҳбарияти Комиссия ҷиҳати ҳамкориҳои судманд ва иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипосу қаноатмандӣ намуданд.