Талаботи мазкур барои нашри маводи илмӣ дар маҷаллаи илмӣ-байналмилалии “Фурӯғи илм” (минбаъд - Маҷалла), ки дар он натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, навгониву навовариҳо ва дастовардҳои назарраси олимону зиёиён ва пажуҳишгарони ҷавон инъикос мегардад, пешбинӣ шудааст.
Дар маҷалла маводи илмии олимону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ нашр гардида, бо ин васила ҷомеаи илмӣ аз натиҷаҳои тадқиқоти бунёдии илмии муосир ва роҳҳои дар амал татбиқ намудани дастовардҳо иттилои заруриро дарёфт мекунад.
Вазифаҳои Маҷалла:
мусоидат ба ҳамкорӣ ва табодули илмӣ байни олимону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ;
инъикоси натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва навгониҳои илмии барои ҷомеаи илмии ватаниву хориҷӣ муфид;
шинос намудани ҷомеаи илмӣ бо назарияҳои муосири дар соҳаҳои гуногуни илми ватаниву хориҷӣ таҳияшуда ва роҳҳои татбиқи онҳо дар истеҳсолот;
интишори натиҷаҳои асосӣ ё муҳтавои илмии диссертатсияҳо барои дарёфти дараҷаи илмии докторит фалсафа(PhD)-доктор аз руи ихтисос, номзади илм, доктори ҳабилитат ва доктори илм
Тайёр кардани дастнавис
Номи мақола бо ҳарфҳои калон ва дар шакли пурра насаб, ном ва номи падари муаллиф, номи муассисае, ки дар он муаллифи мақола кору фаъолият менамояд. Мақола бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ бо истифодаи барномаи MS Word (гарнитураи Times New Roman, ТОҶ, андозаи ҳуруф – 12, фосила – 1,5) ҳуруфчинӣ шуда, дар 2 нусхаи чопии як тарафи қоғази формати А4 бо нусхаи ҳатмии электронии мақола пешниҳод карда мешавад. Ҳошия стандартӣ, рақамгузории иқтибосҳо дар матни мақола тибқи тартиби иқтибосоварӣ, сарчашмаҳои иқтибосшаванда дар охири мақола оварда мешаванд.
Тамоми саҳифаҳо, оғоз аз саҳифаи аввал, бояд пайи ҳам рақамгузорӣ карда шаванд.
Маводи тасвирӣ (суратҳо, расмҳо, нақшаҳо, диаграммаҳо) бояд равшану возеҳ бошанд ва мутобиқи тартиби иқтибосоварӣ дар матн шуморабандӣ карда шаванд. Диаграммаҳо дар намуди расм дар матн ва ҳам дар нусхаи электронӣ бо файлҳои алоҳида дар формати Microsoft Office Excel бояд пешниҳод карда шаванд. Редаксияи маҷалла барои баррасӣ ва нашр мақолаҳои аслиро (оригиналӣ) дар ҳаҷми 6-12 саҳифа (аз 0,5 то 1 ҷузъи чопии шартӣ ё 40.000 аломат) ва мақолаҳо оид ба шарҳи адабиётро дар ҳаҷми 12-20 саҳифа қабул мекунад.
Мавод дар шакли чопӣ (1 нусха) якҷоя бо гунаи электронӣ (формати «*doc» ё «*rtf»), фишурдаи он (аннотатсия аз 100 то 200 аломат) ва вожаҳои калидӣ (то 15 вожа) бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ пешниҳод мешаванд. Дар сурати дар мақола истифода бурдани забонҳои нодир (юнонӣ, чинӣ, ҷопонӣ ва ғ.) дар файли алоҳида бояд ҳуруфи дахлдор замима гардад. Ҷадвал, расм ва дигар маводи тасвирӣ бояд дар файлҳои алоҳида дар формати «*jpg» сабт ва дар варақҳои алоҳида чоп карда мешаванд.
Воҳидҳои ченак ба таври зайл (м, кг, сомонӣ ва ғ.), сол монанди «с.» навишта мешавад.
Нохунаки китобии зерин («») истифода бурда шавад. Тире бошад (–) ва дефис (-) истифода шавад.
Рӯйхати адабиёти истифодашуда на камтар аз 10 номгӯи адабиёти илмӣ ба тартиби алифбоӣ оварда мешавад. Дар мақолаҳои аслӣ (оригиналӣ) рӯйхати библиографӣ на камтар аз 10 манбаъ, дар шарҳи адабиёт – на бештар аз 30 манбаъ тавсия дода мешавад. Дар маҷалла услуби иқтибосоварии Ванкувер (Vancouver style) истифода мешавад (дар библиография иқтибосҳо на аз рӯйи алифбо, балки ҳамон тавре ки дар матн зикр шудаанд, сарфи назар аз забони асар рақамгузорӣ карда мешавад). Ба нашри мақолаҳое бартарӣ дода мешавад, ки ба сарчашмаҳои нашршудаи илмии солҳои охир ва манбаъҳои муътамад бештар такя кардаанд. Номгӯи адабиёти ба муаллиф тааллуқдошта набояд беш аз 20%-и рӯйхати адабиёти мақоларо ташкил диҳад.
Нишон додани манбаи иқтибос дар матн ба таври зер: [1, С. 112] ё [3, С. 5-8] ё [1-С.4; 2-С. 5], ки ин ҷо рақами аввал манбаи истифодашуда ва рақами дувум саҳифа;
Рӯйхати адабиёти истифодашуда бояд бо забони аслии маводи илмӣ (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва диг.) таҳия шавад.
Номҳои ширкатҳои хориҷӣ, институтҳои молиявӣ бо ҳарфҳои лотинӣ, бе истифода аз нохунак ва шакли сиёҳ навишта мешавад. Баъди истифодаи насаби олимони хориҷӣ, роҳбарони ширкатҳо ҳангоми истинод надодан, дар қавс бо ҳарфҳои лотинӣ навишта мешавад.
Маводҳо (мақолаҳо)-и дорои дараҷаҳои «махфӣ» ё «барои истифодаи хизматӣ» дар маҷалла нашр карда намешавад.
Маълумот оид ба муаллиф
Маълумот дар бораи муаллифон бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) ва бо тартиби зайл оварда мешавад:
Насаб, ном, номи падар, дараҷаи илмӣ ва унвони илмӣ (агар бошад), вазифа ва ҷои кор, телефон ва суроғаи электронӣ. Масалан, Гафуров Сорбон Хушдилович – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи идоракунии давлатии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, тел: (+992) 937266050, E-mail: Diese E-Mail-Adresse ist vor Spambots geschützt! Zur Anzeige muss JavaScript eingeschaltet sein! Муаллифон бояд дар яке аз махзанҳои илмии байналмилалӣ рамзи муайянкунии шахсии муаллифӣ (ба мисли ID ORCID, SPIN дар elibrary ё ID Researcher) дошта бошанд.
Дар баробари пешниҳоди шакли электронии мақола пешниҳоди шакли чопии он дар як нусха ҳатмӣ мебошад.
Тартиби тақриздиҳӣ ва нашр
Дар ҳолати мутобиқати ҳуҷҷатҳо ба талаботи муқарраршудаи нашриёти маҷалла, мақолаҳо аз тафтиши системаи «Антиплагиат» ҷустуҷӯӣ мегузаранд. Аслияти мавод бояд на камтар аз 70%-ро (бо дарназардошти 15% иқтибосоварӣ) ташкил диҳад. Барои дурустӣ ва эътимоднокии мундариҷаи мақола муаллифон ва муқарризон масъуланд.
Дар як шумораи маҷалла на зиёда аз 2 кори як муаллиф нашр шуда метавонад. Мақолае, ки бори дувум чопи он аз ҷониби муқарризон рад карда мешавад, аз баррасии минбаъдаи редаксия берун карда шуда, чоп намегардад.
Мақола танҳо баъд аз тақризи мусбат ва ҷонибдории аъзои ҳайати таҳририя барои чоп қабулшуда ҳисобида мешавад. Мақола аз санаи ворид гардидани нусхаи ниҳоияш ба навбати чоп монда мешавад. Мақолаҳои академикҳо ва докторони илм бе навбат нашр карда мешавад.
Мақолаҳои дар дигар нашрияҳо чопшуда қабул карда намешаванд.
Дар ҳолати зарурӣ ҳайати таҳририя ҳуқуқ доранд, ки ҳаҷми мақоларо то андозаи даркорӣ кӯтоҳ намояд.
Пас аз нашр гардидани мақола он дар пойгоҳҳои илмии байналмилалӣ ҷойгир карда мешавад.
Фиристодани дастнавис
Ҳангоми ба нашриёт фиристодани дастнависи мақола ба вай мактуби ҳамроҳикунандаи муаллифон ҳамроҳ карда мешавад.
Мақоларо нашриёт ҳангоми мавҷудияти роҳхати муассиса ва бо иҷозати роҳбар қабул мекунад.