28-уми июни соли 2025, соати 08:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-036 назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (шаҳри Душанбе, кӯчаи Муҳаммадиев, 17/6) ҳимояи ошкорои Нажмудинзода Рисолат Хайридин дар мавзуи «Таърихи ташаккули истилоҳоти забоншиносии тоҷик», барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.02.19 – Назарияи забон баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДБЗХТ ба номи С. Улуғзода ва дар китобхонаи Донишгоҳ бо нишонии 734019, шаҳри Душанбе, кӯчаи Муҳаммадиев, 17/6 шинос шудан мумкин аст.