21 июни соли 2024, соати 10:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-014 назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/14) ҳимояи диссертатсияи Раҳмонзода Зоир Файзалӣ дар мавзуи «Ташаккул ва рушди низоми идоракунии сифати хизматрасониҳои таълимӣ дар заминаи татбиқи технологияҳои иттилоотӣ ва усулҳои амсиласозӣ (назария, методология ва амалия)» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисосҳои 08.00.00 – Илмҳои иқтисодӣ (08.00.09 – Методҳои математикӣ ва афзорӣ (инструменталӣ) дар иқтисодиёт); 08.00.05 – Иқтисодиёти соҳаҳои хизматрасонӣ (08.00.05.02 – Хизматрасонӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва иҷтимоиёт) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДМИТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734067, ш. Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/14 шинос шудан мумкин аст.