29 июни соли 2024, соати 10:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-019 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Буни Ҳисорак, бинои 11, ошёнаи 1, толори ҷаласаи диссертатсионии факултети ҳуқуқшиносӣ) ҳимояи диссертатсияи Якубова Сабоҳат Нарзуллоевна дар мавзуи «Масъалаҳои мубрам ва дурнамои раванди қонунгузории Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳлили ҳуқуқӣ-конститутсионӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.02 – Ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи мурофиаи судии конститутсионӣ, танзими ҳуқуқии ҳокимияти маҳаллӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 17 шинос шудан мумкин аст.