25-уми майи соли 2024, соати 11:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-048 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67) ҳимояи такрории диссертатсияи Ҷонмаҳмадов Исфандиёр Тешаевич дар мавзуи «Методикаи ташаккул додани мафҳумҳои механика дар синфи VII-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.02 - Назария ва методикаи таълиму тарбия (13.00.02.01 – Назария ва методикаи таълими фанҳои табиӣ (таҳсилоти умумӣ)) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва дар китобхонаидонишгоҳ бо нишонии 735140, ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ 67 шинос шудан мумкин аст.