Previous Next

Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст!

Санаи 7-уми  майи соли 2025 дар маҷлисгоҳи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  хониши идоравӣ дар мавзуи “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст!” бахшида ба 80-солагии Иди Ғалаба  баргузор гардид.  

Дар ҷаласаи мазкур раиси Комиссия, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин қайд намуданд, ки “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба муҳиммияти Иди Ғалаба таъкид намудаанд: “Иди Ғалаба барои тамоми мардуми сайёра, аз ҷумла, халқи тоҷик санаи бисёр муҳим ва воқеан тақдирсозу таърихӣ мебошад, зеро дар он солҳои мудҳиш низоми фашистӣ ба озодиву истиқлолияти аксари давлатҳо ва халқҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ эҷод карда буд...

Барои ҳамин мардуми сулҳдӯсти кишварҳои гуногуни дунё ҳар сол 9-уми майро ҳамчун санаи ёдбуди шаҳидони ҷанг ва бузургдошти корномаи мардони далеру шуҷоъ ба муқобили фашизми гитлерӣ  таҷлил мекунанд”.  

Аз ин лиҳоз, моро мебояд аз истиқлолияту ободии ватани азизи маҳбубамон шукргузорӣ намуда, барои рушди нумӯи он саҳми арзандаи худро гузорем.

Сипас, Самариддини Ҷамолӣ мутахассиси пешбари шуъбаи аттестатсионии илмҳои гуманитарӣ дар мавзуи “Аҳамияти таърихии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ” баромад намуда, оид ба оқибатҳои фалокатбори Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва қаҳрамониҳои мардони далеру шуҷои тоҷик далелҳои илмӣ пешниҳод намуд.

Ин Ғалабаи Шуравӣ бар Олмони фашистӣ мебошад. Ин ғалабаи бузурги оламшумули таърихӣ ба туфайли корнамоиҳою қаҳрамониҳо, қурбониҳою фоҷеаҳо, кӯштору сӯхтори зиёди дар таърихи то ба алҳол диданашаванда ба амал омада буд. Ин ҷанг амалан 4 сол давом карда, тағйири Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ба шумор меравад. Дар набардҳо 34 миллион аз ҷониби Шуравӣ иштирок намудаанд, ки 16 миллиони он қурбон гардидаанд. Амалиёти ҳарбӣ бошад дар 40 ҳудуди давлати дунё сурат гирифта, 72 давлати дунё дар ин ҷанг иштирок намуда, теъдоди умумии ҳарбиён ба 110 миллион мерасид. Теъдоди умумии қурбониён 60 миллион буда, 30 миллиони он ба ИҶШС рост меояд. Аз Тоҷикистон 300 ҳазор аскарон ба ҷанг сафарбар гардиданд, ки аз ин теъдод 90 ҳазор нафар кушта шуда, бо Қарори Прездиуми Шурои олии Иттифоқи Шуравӣ аз байни ҷанговарони тоҷик 54 нафар, аз ҷумла Неъмат Қарабоев, Домулло Азизов, Сафар Амиршоев, Фатҳулло Аҳмадов, Боқир Давлатов, Ҳодӣ Кенҷаев, Қудрат Қаюмов, Ҳайдар Қосимов, Аҳмадҷон Қурбонов, Раҳимбой Раҳматов, Амралӣ Саидбеков, Саидқул Турдиев, Чутоқ Уразов, Исмоил Ҳамзалиев, Исмат Шарипов, Эргаш Шарипов, Туйчӣ Эрйигитов бо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Шуравӣ ва 15 нафар бо се дараҷаи ордени “Шараф” мукофотонида шуданд. Неруи тавоноии мардум руҳи «шикастнопазирии» душманро шикаст. 8 майи соли 1945 Олмони Фашистӣ ба ҳуҷҷати таслимшавӣ имзо гузошт. 9 май Рӯзи иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ эълон гардида, анъанаи таърихӣ гардид. Ҳамон санаи 8 майи соли 1945 Иттиҳоди Шуравӣ ба муқобили Япония ҷанг эълон карда, санаи 2 сентябри соли 1945 Япония дар Линкорни америкоии «Миссурӣ» низ ба акти беҷунучаро таслимшавӣ имзо гузошта, ҳамин тавр Ҷанги Дуюми Ҷаҳон низ ба итмом расид.

Мардуми Тоҷикистон номи шаҳидон, мардони шуҷои Ватан ва қаҳрамонию далерии онҳоро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард ва ҳар сол дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Ғалаба афсарону сарбозони дар майдонҳои набард ҳалокшудаи халқамонро ёдоварӣ намуда, номи неки ҷавонмардони бошарафи худро гиромӣ медоранд.

Дар фарҷоми ҷаласа муҳокимаҳо сурат гирифтанд, ки дар он кормандони Комиссия фаъолона иштирок намуданд.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org