Санаи 23-уми майи соли 2025 дар маҷлисгоҳи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши идоравӣ дар мавзуи “Самаранокии фаъолияти илмӣ” баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур раиси Комиссия, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ таъкид намудаанд: “Мо Комиссияи олии аттестатсионии миллии худро таъсис додем, то ки мушкилоти ҳимояи корҳои илмӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмиро бартараф намоем ва имконият фароҳам оварем, ки муҳаққиқони мо имкони ҳимояи диссертатсияҳои худро дар кишварамон дошта бошанд”.
Аз ин лиҳоз, бо назардошти нақши муҳимми таҳқиқоти илмӣ дар рушди ҷомеа ва пешрафти илми ватанӣ, зарур аст, ки ба нашри мақолаҳои илмии муҳаққиқон таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад. Инчунин, тавсия дода мешавад, ки муҳаққиқон барои фароҳам овардани дастрасии васеъ ба корҳои худ аз пойгоҳҳои иқтибосоварии илмии байналмилалӣ истифода намоянд.
Сипас, Абдулло Мамадамон Абдураҳмонбек – сармутахассиси бахши таҳияи лоиҳаҳои грантӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар мавзуи “Самаранокии фаъолияти илмӣ” баромади пурмуҳтаво намуд. Ӯ дар бораи нақши муҳим ва шохисҳои арзёбии фаъолияти илмӣ бо истифода аз манбаъҳои байналмилалӣ маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Таъкид шуд, ки самаранокии фаъолияти илмӣ бо истифода аз маҷмуи меъёрҳои миқдорӣ ва сифатӣ арзёбӣ мешавад. Ин меъёрҳо имкон медиҳанд, ки самаранокии истифодаи захираҳо ва аҳамияти натиҷаҳои бадастомадаи илмӣ муайян карда шаванд. Арзёбии самаранокӣ нишон медиҳад, ки чӣ гуна захираҳои мавҷуда барои расидан ба ҳадафҳои тадқиқот истифода шудаанд ва ин натиҷаҳо то куҷо таъсири дилхоҳ доштаанд.
Ин раванд ҳамзамон арзёбии дуҷонибаро дар бар мегирад: яке арзёбии объективии натиҷаҳои илмӣ (навовариҳо, саҳм ба соҳа), ва дигаре – арзёбии субъективӣ (аҳамияти натиҷа барои муҳаққиқ ё гурӯҳи илмӣ).
Дар поёни ҷаласа муҳокимарониҳо баргузор гардиданд, ки дар онҳо кормандони Комиссия ширкат варзида, андеша ва пешниҳоди худро дар робита ба беҳтар намудани сатҳи таҳқиқоти илмӣ иброз намуданд.