Ба таваҷҷуҳи довталабони дараҷаҳои илмӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ расонида мешавад, ки таҳсили довталабон талаботи бандҳои 21 ва 21 (1)-и Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 295). қатъиян риоя карда шавад:
- Доштани дипломи дараҷаи таҳсилоти олии касбии магистр (барои ихтисосҳои тиббии клиникӣ - доштани дипломи мутахассис ё магистр, инчунин ҳуҷҷат дар бораи хатми резидентура ё ординатура, интернатура ва собиқаи на камтар аз 2 соли кор, ба истиснои ихтисосҳои тибби назариявӣ).
- Давом додани таҳсил дар докторантура танҳо аз рӯйи ихтисосҳое иҷозат дода мешавад, ки бо ихтисоси магистратураи хатмнамуда мутобиқат доранд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023, № 295).
- Аз худ кардани барномаи тайёркунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-техникӣ тибқи Феҳристи ихтисосҳои илмӣ.
- Супоридани имтиҳонҳои маҷмуии муқарраршуда аз рӯйи ихтисос.
- Таҳия ва ҳимояи диссертатсия тибқи ихтисоси илмии интихобшуда дар заминаи барномаи магистратура ва докторантура.
- Доштани хулосаи мусбат аз муассисае, ки дар он диссертатсия таҳия шудааст.