Дар доираи Нақшаи хониши идоравӣ барои кормандони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024, ки бо фармоиши раиси Комиссия аз 20 феврали соли 2024, №27 тасдиқ гардидааст, дар толори муассиса барои кормандон хониши идоравӣ баргузор гардид.
Муовини раиси Комиссия Шарифзода Мумин Машокир чорабиниро ифтитоҳ намуда, оид ба мубрамияти мавзуъ ва моҳияти таъмини амнияти иттилоотӣ ва муқовимат бо маълумоти бардурӯғ муфассал суҳбат намуд.
Гуфта шуд, ки дар шароити муосир шабакаҳои иҷтимоӣ ба як қувваи пурқудрати идора кардани зеҳну рафтори омма табдил ёфтаанд ва қодиранд ба афкори ҷомеа таъсири гуногун расонанд.
Вобаста ба мавзуи хониши идоравӣ директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Маҳмадизода Нозим Давлатмурод муфассал баромад намуд. Мавсуф таъкид дошт, ки интернет як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти одамон ва махсусан ҷавонон ба шумор рафта, дар баробари дигар имкониятҳо, ба майдони муҳокимаи мушкилоти гуногуни иҷтимоӣ, баёни эҳсосот, фикру андешаҳои гуногун табдил ёфтааст. Ҷавонон корбарони фаъоли шабакаи ҷаҳонии интернет буда, ҳиссаи асосии иттилоотро аз фазои маҷозии интернет мегиранд, ки майдони мусоиди тарғибот барои гурӯҳҳои динӣ-ифротӣ ва террористӣ мебошад. Интернет фазои интиқоли босуръати иттилоот буда, дигар шаклҳои назорат дар он дида намешавад ва фаъолияти инсон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври пинҳонӣ, бе маълум кардани шахсияти одам амалӣ мегардад. Ин ҳолатро истифода бурда, гурӯҳҳои динию ифротӣ дар шабакаи умумиҷаҳонии интернет корҳои тарғиботию ташвиқотӣ мебаранд. Нигаронӣ оид ба ин масъала дар баромадҳои Пешвои муаззами миллат сурат мегирад.
Таклиф гардид, ки механизми ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет таъсис ва роҳандозӣ карда шавад. Ин имкон медиҳад, ки корҳо оид ба ҷамъоварӣ, ҷамъбаст ва таҳлили иттилооти ҷойдоштаи шабакаҳои иҷтимоӣ, блогосфера ва форумҳо натиҷагирӣ ва назорат гарданд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ қайд гардид, ки пешгирии идеологияи ифротгароӣ ва терроризм вазифаи муҳимми ҷомеаи муосир мебошад ва барои пешгирии ин зуҳурот тадбирҳои зеринро андешидан лозим аст: гузаронидани назорати доимии фазои интернет бо мақсади ошкор ва бастани сайтҳои ифротӣ; фароҳам овардани шароити мусоиди кору фаъолият ба корбарони фаъоли интернет дар раванди ошкорсозии сайтҳои ифротию террористӣ; таҳия ва навсозии таъминоти методӣ, технологӣ ва моддии раванди мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ; гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мақсади тавсифи моҳияти терроризму ифротгароӣ, инчунин ташаккули пайваста рад кардани идеологияи зӯроварӣ аз ҷониби ҷомеа; ҷалби ҷавонон ба пешгирию мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва фундаментализми динӣ дар муҳити таълимӣ.
Баъд аз саволу ҷавоб дар доираи мавзуъ, муовини раиси Комиссия Шарифзода М.М. бори дигар аз ҳузури меҳмон ва суҳбати ошкорою муфид истиқбол намуда, иброз дошт, ки бо технологияҳои замонавӣ таъмин намудани озмоишгоҳҳои мавҷуда ва таҷдиди пояи иттилоотии таҳқиқоти илмӣ дар шароити муосир амри зарурӣ буда, аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо аҳли илм ва маорифи кишвар бармеод.
Ташкили хонишҳои идоравӣ вобаста ба дигар масъалаҳои актуалии ҷомеа ва самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ дар Комиссия идома дорад.