Previous Next

Хониши идоравӣ дар мавзуи “Таъйинот ва вазифаҳои илм дар шароити муосир”

     Дар доираи Нақшаи хониши идоравӣ барои кормандони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024, ки бо фармоиши раиси Комиссия аз 20 феврали соли 2024, №27 тасдиқ гардидааст, дар толори муассиса барои кормандон хониши идоравӣ баргузор гардид. 

     Чорабиниро муовини раиси Комиссия Шарифзода Мумин Машокир ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки хониши идоравии имрӯза дар партави мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар сурат мегирад. Дастуру супоришҳо ва таъкидҳои Пешвои миллат зимни ин мулоқоти хотирмон ҷиҳати аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ кӯмаки амалӣ мерасонанд.

     Дар идомаи хониши идоравӣ Холиқзода Абдураҳим Ғафор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мавзуи хониши идоравӣ баромад намуд. Мавсуф таъкид дошт, ки аз замонҳои қадим ҳадафи донишмандон пайванд намудани илм бо истеҳсолот маҳсуб ёфта, ин масъалаи меҳварӣ дар суханрониҳои Пешвои миллат мунтазам садо медиҳад. Ҳадафи дигари илм ин тавсиф, ташреҳ ва муайян намудани равандҳо ва падидаҳои таҳқиқшаванда мебошад. Мулоқоти Роҳбари давлат бо аҳли илму маориф бо мақсади баррасии ҳолати имрӯза ва дурнамои рушди илм, такмили сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ-риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ ва тарбияи кадрҳои илмӣ сурат гирифтааст.

     Сиёсати давлатӣ дар самти илм ба он равона шудааст, ки илм яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимон захираи бузурги зеҳнии ҷомеа буда, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм маҳсуб меёбад.

     Ба таъкиди Ҳолиқзода А.Ғ., вазифаи илм ҳамчун нерӯи истеҳсолӣ дар шароити муосир беш аз пеш равшан зоҳир мешавад, зеро илм аз чаҳорчӯбаи тафаккури назариявӣ дар бораи табиат берун баромада, ба қуввае табдил меёбад, ки истеҳсолотро ташкил ва назорат менамояд.

     Ҷамъияти муосирро бе илм идора намудан имконнопазир мебошад. Дар марҳаллаи нави рушд илм сохтори иҷтимоии ҷамъиятро тағйир дода, бевосита ба инсон тавассути фарҳанг ва идрок таъсир мерасонад. Илм ба раванди таълим ва тағйирдиҳии сохтори таълим таъсир расонида, ба ҳамаи самтҳои он – мақсад, вазифа, принсипҳо, шакл ва усулҳо, воситаҳо ва натиҷаҳо паҳн мешавад.

     Ташаккулёбии ҷаҳонбинии илмӣ маҳз тавассути системаи таълим баргузор мегардад, ки дар тарбия ва мукаммалсозии шахсият нақши муҳимро иҷро менамояд.

     Дар идомаи суҳбати озоди худ номбурда марҳилаҳои гуногуни ташаккули андеша ва тафаккури илмро шарҳ дода, иброз намуд, ки баргузор гардидани хониши идоравӣ дар Комиссия падидаи нек ва назари мусбат арзёбӣ мегардад.

     Дар поёни хониши идоравӣ ва саволу ҷавоб дар доираи мавзуъ, муовини раиси Комиссия Шарифзода М.М. иброз намуд, ки аҳли илми кишвар барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум бояд саҳмгузор бошанд. Мо – кормандони Комиссия дар ин самт низ бояд ҳиссаи намоён гузорем.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

ПОЙГОҲИ ДОДАҲОИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2024.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org