Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар баён намуданд, бо иштироки раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Давлатзода С.Х., президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қ.Х., президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Салимзода А.Ф., муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯразода Ҷ.Ҳ., ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат воқеъ дар шаҳри Душанбе, муовинони ректор оид ба илм ва инноватсия, котибони шурои олимон, мудирони шуъбаҳои омодакунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, мудирони кафедраҳои тахассусии марбут ба ихтисосҳои шурои диссертатсионӣ, раис ва аъзои шурои диссертатсионӣ санаи 20 июн дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ доир гардид.
Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ оғоз гардида, ҳадафи он иброз гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо таъкид ба суханронии Роҳбари давлат иброз дошт, ки Ҳукумати мамлакат дар шароити мураккаби иқтисодиву молиявии солҳои 90-ум на фақат ҳамаи муассисаҳои Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавиро устувор нигоҳ дошт, балки дар сохтори онҳо даҳҳо пажӯҳишгоҳ ва марказҳои нави илмиву таҳқиқотиро таъсис дод. Ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви баробарҳуқуқи даҳҳо муассисаи бонуфузи илмии ҷаҳонӣ мебошад. Нигарониҳои Пешвои миллат оид ба самаранокии фаъолияти кормандони Академияи миллии илмҳо дуруст буда, дар ҳақиқат, яке аз масъалаҳои ташвишовари соҳаи илми кишвар мебошад.
Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот муҳим арзёбӣ мегардад.
Вазъи имрӯзаи илми кишвар тақозо менамояд, ки ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд.
Сипас, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», доктори илмҳои биологӣ, профессор оид ба мулоқоти Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маориф ва илми кишвар ва як қатор масъалаҳои муҳимми низоми аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ, тартиби барасмиятдарории диссертатсия, автореферати диссертатсия ва парвандаҳои аттестатсионӣ тариқи рӯнамо (презентатсия) баромад намуд.
Ёдоварӣ гардид, ки Комиссия муассисаи ҷумҳуриявии аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмию техникии тахассуси олӣ буда, бо мақсади татбиқи низоми миллии аттестатсияи давлатии кормандони илмӣ ва илмию техникии тахассуси олӣ, инчунин эътирофи баробарарзиши (нострификатсия)-и ҳуҷҷатҳои дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овардаанд, таъсис дода шудааст ва соли ҷорӣ 10-сола мешавад.
Ваколат ва уҳдадориҳои Комиссия дар Низомномаи муассиса, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2021, №270 тасдиқ шудаанд, ба таври пурра инъикос гардидаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмини пояҳои моддиву техникии муассисаҳои илмӣ, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани озмоишгоҳҳо, инчунин тайёр кардани кадрҳои илмӣ аз ҳисоби ҷавонони болаёқат чораҳои мушаххас меандешанд.
Таъсиси Комиссияи олии аттестатсионӣ шароит фароҳам овард, ки мушкилоти зиёди шаҳрвандон ҷиҳати омода кардани рисолаҳои илмӣ ба забони давлатӣ ва ҳимояи онҳо дар дохили кишвар осон гардида, эҳтиёҷоти иқтисодии кишвар ба кадрҳои муосири илмӣ дар доираи низоми байналмилалӣ таъмин гардонида шавад.
Бешубҳа, ин иқдом барои таҳкими истиқлоли илмии мамлакат мусоидат намуд.
Ба таъкиди Роҳбари давлат, дар мамлакат дар шароити имрӯза рушди илмҳои бунёдӣ муҳим ва афзалиятнок буда, пешбурди корҳои илмиву таҳқиқотӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимони ин соҳа маҳсуб меёбад, ки он беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад.
- Бо вуҷуди дастовардҳои муайяни илмӣ, робитаи илм бо истеҳсолот, воридшавии инноватсия дар низоми илмӣ ва муҳимтар аз ҳама, рушди илмҳое, ки бо иқтисодиёти кишвар робитаи бевосита доранд, ҳамчун масъалаҳои мубрами рӯз боқӣ мондаанд, - иброз дошт С.Давлатзода. - Ҳамчунин, омода намудани кадрҳои ҷавон ва ҷалби онҳо ба корҳои илмиву роҳбарӣ беҳбудӣ мехоҳад.
Аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои мубрам ба шумор меравад, зеро кадрҳои баландихтисос дар рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва маданию сиёсӣ дар ҷомеа ва давлат нақши ҳалкунанда доранд.
Дар қатори муносибатҳои сершумори соҳаи идоракунии давлатӣ, ки предмети танзимсозии ҳуқуқи маъмуриро ташкил медиҳанд, аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ низ ба ин зумра дохил мешаванд.
Дар баромади худ, ҳамчунин раиси Комиссия тамоми ҷанбаъҳои низоми аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олиро бо мисолҳои мушаххас баррасӣ намуда, аз ҳозирин муносибати дуруст, иҷрои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро тақозо намуд. Зимни баромад ҷиҳати ислоҳи камбудиву норасоиҳое, ки дар фаъолияти муассисаҳои илмӣ, таҳсилоти олии касбӣ ва шуроҳои диссертатсионӣ мавҷуданд, машваратҳои мушаххас дода шуданд.
Дар идомаи маҷлиси корӣ муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Салимзода Амонулло Файзулло ва дар музокира раиси шурои диссертатсионии 6D.KOA-014 назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоли Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович баромад намуданд.
Иброз гардид, ки мулоқоти Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маориф ва илми кишвар барои беҳтар намудани самти омодасозии кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Тавре дар мулоқот гуфта шуд, Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст. Ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ кам ҷалб гардидани ҷавонони лаёқатманду забондон, рушд накардани мактабҳои илмии олимони собиқадор ва ҳавасмандии нокифояи аспирантҳову докторантҳо, хусусан, дар самти илмҳои табиӣ ва риёзӣ аз ҷумлаи мушкилоти асосии омода кардани кадрҳои илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ мебошад.
Аз ҷониби баромадкунандагон таъкид гардид, ки ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат мо – аҳли зиё ва илму маорифи кишвар бояд беш аз пеш фаъолият намуда, ҷиҳати татбиқи амалии натиҷаҳои таҳқиқ ва рушди устувори ҷомеа талош варзем.
Ҳамчунин, ба як қатор омӯзгороне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии муқими шаҳри Душанбе ба корҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва илмиву таҳқиқотӣ машғул гардида, диссертатсияҳои номзадиву докториашонро ҳимоя намудаанд, дар вазъияти тантанавӣ ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ – дипломҳои дараҷа ва шаҳодатномаҳои унвони илмӣ супорида шуд.