Previous Next

Натиҷагирӣ аз фаъолияти КОА дар нимсолаи аввали соли 2024

     Санаи 11-уми июли соли 2024 дар маҷлисгоҳи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии ҳисоботи нимсолаи якуми Комиссия бо иштироки раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода С.Х., мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуллозода Масрур, раисон, муовинон ва котибони шуроҳои экспертӣ, кормандони Комиссия баргузор гардид. Дар оғоз раиси Комиссия баромад намуда, аз таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд. Тавре ки Пешвои миллат иброз намуданд: “Дар шароити имрӯза, ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш рафта истодааст, олимони кишварро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани қобилияти рақобати илми ватанӣ корҳои таҳқиқотиву технологиро вусъат бахшанд”.

     Сипас, раиси Комиссия тариқи рӯнамо, ки дар мониторҳои маҷлисгоҳ гузошта буд, ҳисоботи таҳлилии шашмоҳаро дар қиёс ба нимсолаи гузашта манзури ҳозирин гардонд. Мавсуф қайд намуданд, ки аз 564 ихтисоси амалкунандаи Феҳристи ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯйи тақрибан 374 ихтисосҳои дар Феҳрист мавҷудбуда бо назардошти ҳимояҳои якдафъаина кормандони илмӣ аз ташкили фаъолияти Комиссия  омода карда мешавад. Ҳамчунин, дар нимсолаи аввали 2024 нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта-169 (66,3%) диссертатсия зиёдтар тасдиқ шудааст.

     Комиссия дар ин росто, тасмим гирифтааст, ки бо мақсади боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти Комиссия ва пешгирӣ аз ҳолатҳои номатлуби ҷойдошта, аз қабили асардуздӣ, мутобиқат накардани мавзуъ ба муҳтавои он дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.06.2024, 26/10-203 доир ба Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар 30-юми майи соли 2024 баён доштанд, корбарӣ намуда, фаъолияти ҳамаи шуроҳои диссертатсиониро мавриди бознигарӣ қарор медиҳад.

     Ҳамчунин, рисолаҳои диссертатсионии дар хориҷи кишвар ва шуроҳои диссертатсионии кишварҳои дигар, ки дар назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриямон амал менамоянд, дар КОА баробарарзишӣ карда мешаванд.

     Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  Абдуллозода Масрур дар ҳошияи андешаҳои Раиси Комиссия таъкид намуданд, ки вохӯрии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат созандаву созгор буда, роҳнамои тамоми самтҳои қишри ҷомеа буд. Ҳатто, дар суханрониашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: “Бовар дорам, ки олимони мо чун ҳамеша рисолати худро дар назди миллату давлат бо садоқати баланди ватандорӣ иҷро намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, муқаддасоти миллӣ таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми арзишманди худро мегузоранд”.Ҳамчунин, вобаста ба кушодани ихтисосҳои самти китобдорӣ таъкид ба амал оварда, қайд намуданд, ки дар ҳақиқат имрӯз ҷиҳати таъсиси шуроҳо барои ҳимоя дар самти ихтисосҳои нодир шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Сипас, ҳисоботи раиси Комиссияро қаноатбахш ҳисобида, пешниҳодҳои созанда манзур намуданд.

     Муовини раиси шурои экспертии самти илмҳои физика-математика профессор Сардоров А. вобаста ба фаъолгардонии илмҳои дақиқ изҳори андеша намуда, қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш доимо аз сатҳу сифати таълим, ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзишу рушди фанҳои дақиқ ҳарф мезананд. Мо-олимонро зарур аст, ки ба сатҳи азхудкунии донишҳои математикӣ чораҳои муассир андешида, ҷавонони лаёқатманду забондонро ба омӯхтани илмҳои дақиқ ҷалб намоем.

     Раиси шурои экспертии самти илмҳои таҳсилот Нурзода А. ҷиҳати васеъ намудани пойгоҳҳои илмӣ ва ташаккул додани мактабҳои илмӣ изҳори андеша намуд. Ҳамчунин иброз дошт, ки илми педагогика ва мавзуи баҳси он домани фарох дошта, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ бо пешравиҳои назаррас ноил гардид. Аммо дар баробари омӯхтани фанни педагогика бояд ихтисосмандони самти психология низ омода карда шавад ва илми психология дар баробари дигар пешравиҳо рушд намояд.

     Дар фарҷом раиси Комиссия ба мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуллозода Масрур ҷиҳати таҳлили воқебинона доир ба ҳисоботи фаъолияти шашмоҳаи Комиссия изҳори сипос намуда, пешниҳодҳои ӯро бамаврид арзёбӣ намуданд.

     Ҳамчунин, ба дигар нафарони дар музокира иштирок намуда, барои баёни андеша ва тавсияҳои судманд миннатдории хешро баён намуданд.

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

ПОЙГОҲИ ДОДАҲОИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2024.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org