Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди илму маориф ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Соҳаи илм самти афзалиятнок ба шумор рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон илмро меҳвари асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги неруи зеҳнии ҷомеа арзёбӣ намуда, барои рушди минбаъдаи он ва беҳтар намудани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимон тадбирҳои судманд меандешанд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи воқеӣ ва мушкилоти низоми аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ хуб огаҳӣ доштанд ва ба хотири рафъи мушкилиҳои ин раванд ба таъсис додани Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдом намуданд. Ҳамин тавр, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 августи соли 2014, №255 ба тасвиб расид, ки он дар ҳаёти илмӣ ва фарҳангии кишвар як рӯйдоди фараҳбахшу таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Инак, аз таъсисёбии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 сол сипарӣ гардид.
Дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки васеи олимон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Нақши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини соҳибистиқлолии илмии Тоҷикистон” бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли 2024-Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 10-солагии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар сухани ифтитоҳӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо вобаста ба таҷлили ин санаи таърихӣ баён намуданд, ки: “Имрӯзҳо пажӯҳишгарон имкон пайдо карданд, ки рисолаҳои илмии худро ба забони тоҷикӣ, яъне бо забони давлатӣ таҳия карда, дифоъ намоянд. Ин иқдоми саривақтӣ ва устуворона дар масири давлатсозӣ ва ба истиқлоли комил расидани мамлакатамон буд. Инчунин, қадаме буд, ки забони тоҷикиро ба забони илм табдил дод. Забони тоҷикӣ яке аз рукнҳои муҳимми давлатдории мо дар асри ҷадид, яъне замони соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбад. Ба забони илм табдил додани он истиқлолияти сиёсӣ ва давлатии моро ба маротиб мустаҳкамтар менамояд. Ногуфта намонад, ки мо дар оғози ин кори бузург, яъне ба забони илм табдил додани забони модариамон қарор дорем ва ин иқдом аз масъулони соҳа талошу кӯшишҳои зиёдеро тақозо мекунад.
Таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми ҷиддӣ дар роҳи таъмини Истиқлолияти илмии кишвар маҳсуб меёбад. Фаъолияти босамари ин ниҳод имкон дод, ки дар тули як даҳсола ба дастовардҳои назаррас дар самти тарбияи кадрҳои илмӣ ноил гардем. Мусаллам аст, ки илм барои ҳар як давлат қудрат, сармоя ва захираи бузургест, ки тавассути дастоварҳои он рушди устувору бемайлон таъмин карда мешавад”.
Сипас раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин вобаста ба раванди баргузории аттестатсияи кормандони илмӣ изҳори андеша намуда, қайд дошт, ки дар назди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 шуъбаи аттестатсионӣ, 15 шурои экспертӣ, 79 шурои диссертатсионӣ ва 57 маҷаллаи тақризшаванда фаъолият мекунанд, ки аз муваффақиятҳо дар соҳаи илму маорифи ватанӣ гувоҳӣ медиҳанд.
Ҳамчунин, вобаста ба таҷлили санаи 10-солагии Комиссия таърихномаи он зери унвони “Таърих-бозгӯи воқеият”, нашри якуми маҷаллаи тақризшавандаи “Фурӯғи илм”, гузоришҳо дар матбуоти даврии “Садои мардум”, “Омӯзгор”, аксҳо аз ҷараёни баргузории чорабиниҳо дар шакли албомҳо ва дигар маводҳо нашр гардиданд.
Сипас аз ҷониби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қ.Х., директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода А.Ғ., сарходими илмии Маркази инноватсионии АМИТ, академик Илолов Мамадшо, ассистенти кафедраи акушерӣ ва гинекологии №2 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Мавлонова Садорат, мудири шуъбаи наномавод ва нанотехнологияи Институти физикаю техникаи ба номи Умарови АМИТ Фарҳод Шокир маърузаҳо қироат гардид.
Сипас аз ҷониби музокирачиҳо Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, профессор Салимов Амонулло, профессорон Розиқзода Абдулҳаким, Фақеров Ҳамидуллохон, Низомов Аслиддин пешниҳодҳои судманд манзур гардид.
Дар фарҷом маросими супоридани Ифтихорнома, сипоснома ба олимону зиёиён ва муҳаққиқони ҷавон, ки дар пешбурди фаъолияти илмӣ саҳми арзанда гузоштаанд, тақдим карда шуд. Беҳтарин шуроҳои диссертатсионӣ, маҷаллаҳои тақризшаванда ва диссертатсияҳои илмӣ бо туҳфаҳои омоданамудаи Кумитаи тадорукот сарфароз гардонида шуданд. Қисмати дуюми конфренсияҳо кор дар бахшҳо идома ёфта, маърузачиён вобаста ба навгониҳои илмӣ маърузаҳои судманд манзур сохтанд.