Previous Next

МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ ИФТИХОРНОМА ВА СИПОСНОМА БА ОЛИМОНУ ЗИЁИЁН ВА МУҲАҚҚИҚОНИ ҶАВОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯ БАХШИДА БА 10-СОЛАГИИ КОМИССИЯ

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки васеи олимон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Нақши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини соҳибистиқлолии  илмии Тоҷикистон” бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли 2024-Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 10-солагии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Пас аз қироати маърузаҳо ва муҳокимаи онҳо дар асоси таҳлили Комиссия шуроҳои диссертатсионии беҳтарин, маҷаллаҳои беҳтарин ва диссертатсияҳои беҳтарин муайян ва қадрдонӣ карда шуданд.

Дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ беҳтаринҳо муайян гардиданд:

  • Шурои диссертатсионии 6D.КОА-008 назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино - шурои диссертатсионии мазкур 31 декабри соли 2021, таҳти №373/шд таъсис дода шуда буд. Аз давраи таъсисиёбии шуро то ба имрӯз 34 довталаби дараҷаи илмӣ аз ҷумла, 1 нафар доктори илм, 5-нафар доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос, 28-нафар номзадони илм рисолаҳои худро ҳимоя намудаанд.
  • Шурои диссертатсионии 6D.КОА-013 назди Донишгоҳи давлати ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон - дар маҷмуъ 29 -нафар пажуҳишгарон дар шурои мазкур рисолаҳои илмии худро ҳимоя намуданд. Аз инҳо 22-нафар тасдиқ ва 7 - нафари дигар дар баррасӣ қарор доранд.
  • Шурои диссертатсионии 6D.КОА-030 назди Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ Академияи таҳсилоти Тоҷикистон - шурои мазкур таҳти №39/шд аз 01.02.2022 таъсис ёфтааст. Дар он 18-нафар довталабони дараҷаҳои илмӣ рисолаи илмии худро ҳимоя намудаанд.
  • Шурои диссертатсионии 6D.КОА-048 назди Донишгоҳи давлати Бохтар ба номи Носири Хусрав - шурои мазкур таҳти фармоиши №126 аз 08.04.2022 таъсис ёфтааст. Дар он 25 ҳимояи рисола баргузор шудааст, ки аз ин 1 ададаш рисолаи докторӣ буда, 24 адади он рисолаи номзадӣ ва доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос мебошад. Аз 25 адад рисолаи ҳимоягардида, 21 адади он тасдиқ гардидааст.
  • Шурои диссертатсионии 6D.КОА-049 назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ - шурои мазкур таҳти фармоиши № 158/шд аз 12 майи соли 2022 таъсис дода шудааст. Аз давраи таъсисёбии шуро то имрӯз 14 довталаби дараҷаи илмӣ аз ҷумла, 1 нафар доктори илм, 2 - нафар доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос, 11-нафар номзадони илм рисолаҳои худро ҳимоя намудаанд.
  • Шурои диссертатсионии 6D.КОА-059 назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ - шурои диссертатсионии мазкур таҳти № 192/шд аз 01 июли соли 2022 таъсис дода шудааст. Аз давраи таъсисиёбии шуро то ба имрӯз 89 довталаби дараҷаи илмӣ аз ҷумла, 5 нафар доктори илм, 3 - нафар доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос, 81-нафар номзадони илм рисолаҳои худро ҳимоя намудаанд.

Ҳамчун маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи беҳтарин бошад, маҷаллаҳои зерин муайян шуданд:

  • Маҷаллаи илмии “Паёми Сино”-и назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино - фаъолияти маҷаллаи мазкур ба талаботи Феҳристи маҷаллаҳо (нашрияҳо)-и илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад. Ҳангоми чопи корҳои илмӣ шартҳои асосии барои ба феҳристи маҷаллаву нашрияҳои илмии тақризӣ воридшаванда риоя шудаанд. Мақолаҳо ҳам аз ҷиҳати сохт ва ҳам аз ҷиҳати таркиби илмӣ ба ин талабот ҷавобгӯ мебошанд.
  • Маҷаллаи илмии «Ахбори Акдемияи миллии илмҳои Тоҷикистон» (бахши илмҳои табиӣ ) - Маҷаллаи мазкур аз моҳи январи соли 1952 нашр мешавад ва ҳар се моҳ як маротиба ба тасвиб мерасад. Маҷалла дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 01.03.2024, № 338/МЧ-97 ба қайд гирифта шудааст.
  • Маҷаллаи илмии «Осори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» - маҷаллаи мазкур таҳти № 335/МҶ-97 аз 1-уми марти соли 2024 аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Осори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1998 нашр мегардад. Аз он давра то инҷониб 61 нашри он рӯйи чоп омадааст.

Дар асоси таҳлили мутахассисон ва экспертони холис диссертатсияҳои беҳтарини зерин муайян карда шуданд:

  • ШАРИФЗОДА БОЙМУРОД БОБОПУР муаллими кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 2024 дар мавзуи «Ҳоқонӣ ва таҳаввули  қасида дар адабиёти  форсии тоҷикӣ (асрҳои Х-ХIII)»  ҳимояи докторӣ намуда, аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дипломи доктори илмҳои филологӣ сарфароз гардонида шуд.
  • САМАНДАРЗОДА НАСРУЛЛО ЮСУФ дар мавзуи «Синтези ҳосилаҳои нав дар асоси кислотаҳои холан ва омӯзиши хосиятҳои биологии онҳо» ҳимояи докторӣ намудааст. Мавриди зикр аст, ки диссертатсия ва автореферати он аз ҷониби эксперти холис хулосаи мусбат ва аъзоёни шурои экспертӣ низ ба он баҳои баланди илмӣ додаанд.
  • АБДУЛНАЗАРОВ АБДУЛНАЗАР ҒОИБНАЗАРОВИЧ рисолаи доктории дар мавзуи «Хусусиятҳои экологию фаунистӣ ва маконию замонии орнитофаунаи Помир» аз руйи ихтисоси 03.02.04-Зоология дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-051 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимоя намудааст. Мавриди зикр аст, ки диссертатсия ва автореферати он аз ҷониби эксперти холис хулосаи мусбат ва аъзоёни шурои экспертӣ низ ба он баҳои баланди илмӣ додаанд.

Пас аз ин, қисмати дуюми конференсия кор дар бахшҳо идома ёфта, дар ин қисм маърузачиён ба ду бахш Рушди фанҳои дақиқ, табиӣ, риёзӣ, тиб ва кишоварзӣ дар даврони соҳибистиклолӣ ва Нақши илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ дар ташаккули давлатдории миллӣ тақсим шуда, вобаста ба навгониҳои илмӣ маърузаҳои судманд манзур сохтанд.

Мавриди зикр аст, ки дар ду бахш ҳамагӣ 27 маъруза маврид муҳокима ва таҳлил қарор гирифт.

 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

ПОЙГОҲИ ДОДАҲОИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2024.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org