Previous Next

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯ

     Санаи 9-уми январи соли 2025 дар маҷлисгоҳи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии ҳисоботи солонаи Комиссия бо иштироки раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода С.Х., мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуллозода Масрур, раисон, муовинон ва котибони шуроҳои экспертӣ, кормандони Комиссия баргузор гардид. Дар оғоз раиси Комиссия баромад намуда, аз таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд. Тавре ки Пешвои миллат иброз намуданд: “Ҳамеша бояд дар хотир дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад”.

     Сипас, раиси Комиссия тариқи рӯнамо, ки дар мониторҳои маҷлисгоҳ гузошта шуда буд, ҳисоботи таҳлилии солонаро манзури ҳозирин гардонд. Мавсуф қайд намуданд, ки бо мақсади боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти Комиссия ва пешгирӣ аз ҳолатҳои номатлуби ҷойдошта, аз қабили асардуздӣ, мутобиқат накардани мавзуъ ба муҳтавои он дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.06.2024, 26/10-203 доир ба Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар 30-юми майи соли 2024 баён доштанд, корбарӣ намуда, фаъолияти ҳамаи шуроҳои диссертатсиониро мавриди бознигарӣ қарор медиҳад.

     Ҳамчунин, рисолаҳои диссертатсионии дар хориҷи кишвар ва шуроҳои диссертатсионии кишварҳои дигар, ки дар назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриямон амал менамоянд, дар Комиссия баробарарзишӣ карда мешаванд.

     Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  Абдуллозода Масрур дар ҳошияи андешаҳои Раиси Комиссия таъкид намуданд, ки вохӯрии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат созандаву созгор буда, роҳнамои тамоми самтҳои қишри ҷомеа буд. Ҳатто, дар суханрониашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: “Бовар дорам, ки олимони мо чун ҳамеша рисолати худро дар назди миллату давлат бо садоқати баланди ватандорӣ иҷро намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, муқаддасоти миллӣ таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми арзишманди худро мегузоранд”. Инчунин, ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани сарчашмаҳои истифодашаванда ва ҷорӣ намудани стандарти миллӣ (ГОСТИ миллӣ) изҳори андеша намуданд. Сипас, ҳисоботи раиси Комиссияро қаноатбахш ҳисобида, пешниҳодҳои созанда манзур намуданд.

     Академик Фарҳод Раҳимӣ вобаста ба фаъолгардонии илмҳои дақиқ изҳори андеша намуда, қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш доимо аз сатҳу сифати таълим, ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзишу рушди фанҳои дақиқ ҳарф мезананд. Мо-олимонро зарур аст, ки ба сатҳи азхудкунии донишҳои математикӣ чораҳои муассир андешида, ҷавонони лаёқатманду забондонро ба омӯхтани илмҳои дақиқ ҷалб намоем. Ҳамчунин, изҳор доштанд, ки имрӯзҳо мубоҳисае, ки дар байни неруи илмии ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, ин истифодаи фарох аз зеҳни сунъӣ мебошад. Қобили зикр аст, ки зеҳни сунъӣ аз ҳар ҷиҳат нишон медиҳад, ки ӯ аз инсон бартар аст, ҳарчанд ки худи ӯ маҳсули таффакури инсон мебошад. Аммо ба фарқ аз инсон қобилиятҳои беназирро доро мебошад, ки инсон тавони анҷом додани онҳоро надорад. Зеҳни сунъӣ дар як вақт қобилияти таҳлил намудани теъдоди зиёди  иттилоотро доро буда, дар як сония метавонад баъд аз таҳлили ин миқдори иттилоот ба хулосаи ниҳоӣ омада, қарор қабул намояд ва ҳадафмандона амал намояд. Вобаста ба ин масъала мебояд, ки олимони кишвар таҳлилҳои илмӣ гузаронида, андешаҳои судмандро манзур созанд.

  Академик Имомзода М.С. вобаста ба оғоз намудани фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, қайд доштанд, ки айни ҳол дар муассисаҳо шумораи зиёди мутахассисоне фаъолият доранд, ки дипломи дараҷаҳои илмӣ ва шаҳодатномаи унвонҳои илмиро дар давлатҳои хориҷӣ ба даст оварда, бе гузаштани расмиёти муқарраршудаи баробарарзишӣ ва азнаваттестатсиякунонӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият мекунанд ва аз имтиёзҳои давлат барои олимони дараҷа ва унвони илмидор муқаррар намуда истифода мебаранд. Ин масъала низ таваҷҷуҳи ҷиддии масъулинро тақозо мекунад. Ҳамчунин, дар ин раванд мушкилоти такроршавии мавзуъҳо, аслияти аз меъёр паст ва арзиши ночизи диссертатсияҳои дар давлатҳои хориҷӣ ҳимояшуда ба назар мерасанд.  Бояд дар ин масъала саҳлангор набуда, ҷиҳати риояи талаботи санадҳои меъёрӣ ҷаҳду талош варзем.

    Узви Раёсати Комиссия Маҳмадизода Муродалӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои аттестатсионии дар раёсати Комиссия изҳори андеша намуда, зикр дошт, ки Комиссия дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ чораҳои амалӣ андешида, дар муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар бо магистрантон, аспирантон, унвонҷӯён, докторантони фалсафа (PhD)-докторон аз рӯйи ихтисос, докторантони низоми анъанавӣ, дигар ҷавонони лаёқатманд ва роҳбарону мушовирони илмӣ мунтазам мулоқоту вохӯриҳои судманд доир менамояд. Мақсади ташкили чунин вохӯриҳо аз як тараф ҷалби бештари ҷавонон ба таҳқиқотҳои илмӣ ва таҳияи босифати диссертатсия бошад, аз тарафи дигар баланд бардоштани масъулияти роҳбарону мушовирони илмӣ аст.

   Лозим ба ёдоварист, ки аз ҷониби роҳбарияти Комиссияи олии аттестатсионӣ бо мақсади баланд бардоштани масъулияти роҳбарону мушовирони илмӣ, ҳимояи диссертатсияҳо тариқи ошкоро, бо мубоҳисаи илмӣ, серталабӣ, воқеъбинӣ, масъулиятшиносӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқӣ, пешгирии роҳҳои олимшавии шахсони тасодуфӣ ва нолоиқ, тамоюли ба ҷойи довталаб диссертатсиянависии баъзе олимон ва сохтакорӣ дар ин ҷараён, ҳамзамон татбиқи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №643) ҷиҳати тариқи маҷозӣ ҷараён гирифтани ҳимояи диссертатсияҳо чораҷӯӣ карда шуд.

  Профессор Нурзода А. ҷиҳати васеъ намудани пойгоҳҳои илмӣ ва ташаккул додани мактабҳои илмӣ изҳори андеша намуд. Ҳамчунин иброз дошт, ки илми педагогика ва мавзуи баҳси он домани фарох дошта, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ бо пешравиҳои назаррас ноил гардид. Аммо дар баробари омӯхтани фанни педагогика бояд ихтисосмандони самти психология низ омода карда шавад ва илми психология дар баробари дигар пешравиҳо рушд намояд.

     Дар фарҷом раиси Комиссия ба мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуллозода Масрур ҷиҳати таҳлили воқебинона доир ба ҳисоботи фаъолияти шашмоҳаи Комиссия изҳори сипос намуда, пешниҳодҳои ӯро бамаврид арзёбӣ намуданд.

     Ҳамчунин, ба дигар нафарони дар музокира иштирок намуда, барои баёни андеша ва тавсияҳои судманд миннатдории хешро баён намуданд.

 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

ПОЙГОҲИ ДОДАҲОИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2024.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org