15-уми марти соли 2025, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-036 назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (шаҳри Душанбе, кӯчаи Муҳаммадиев, 17/6) ҳимояи ошкорои Ҳакимзода Файзали Исматулло дар мавзуи «Таҳлили муқоисавии ҷумлаи пайрави пуркунанда дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ (дар асоси асари «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯи ихтисоси 10.02.20 - Забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ, қиёсӣ ва муқоисавӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДБЗХТ ба номи С. Улуғзода ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734019, шаҳри Душанбе, кӯчаи Муҳаммадиев, 17/6 шинос шудан мумкин аст.