17 марти соли 2025, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D. КОА-038 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17, маҷлисгоҳи шурои диссертатсионӣ) ҳимояи диссертатсияи Нозимова Маъмура Саҳобиевна дар мавзуи «Таъсири баъзе ҳосилаҳои глитсерол ба лӯбиё (Рhaseоlus vulgaris L.) ҳамчун афзоиштанзимкунанда» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои биологӣ аз рӯи ихтисоси 03.01.05-Физиология ва биохимияи растаниҳо баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.