28 марти соли 2025, соати 14:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-073-и назди Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» (ш. Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков, 1) ҳимояи диссертатсияи Зарифзода Ғайрат Зариф дар мавзуи «Вазъи низомӣ ва сиёсии аморати Бухоро дар солҳои 1826-1860» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 07.00.02 – Таърихи ватанӣ (таърихи халқи тоҷик) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ва китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735700, ш.Хуҷанд, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 224 шинос шудан мумкин аст.