28-уми марти соли 2025, соати 10.00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-016 назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 146, маҷлисгоҳ, 114) ҳимояи такрории диссертатсияи Вализода Зафар Ҷурахон дар мавзуи “Роҳҳои баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ (дар асоси маводҳои корхонаҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон)” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.04.02 – Иқтисодиёти комплекси агросаноатӣ баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 146 шинос шудан мумкин аст.