11 апрели соли 2025, соати 14:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-073 назди Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» (ш. Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков, 1) ҳимояи диссертатсияи Самариддини Ҷамоли Кутбиддинзода дар мавзуи «Вазъияти динӣ – сиёсии Хуросону Мовароуннаҳр дар асрҳои XI - аввали XIII» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 07.00.02 – Таърихи ватанӣ (таърихи халқи тоҷик) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735700, ш.Хуҷанд, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 224 шинос шудан мумкин аст.