10 апрели соли 2025, соати 15:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-021-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, Буни Ҳисорак, бинои таълимии № 10, ошёнаи 5, толори шурои олимон, ҳуҷраи № 503) ҳимояи диссертатсияи Зоирзода Холмурод Сафаралӣ дар мавзуи «Баррасии маъноӣ ва сохтории вомвожаҳои арабии осори насрии Ҳусайн Воизи Кошифӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.02.01 – Забони тоҷикӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.