15 апрели соли 2025, соати 13:30 дар шурои диссертатсионии 6D. КОА-067-и назди Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-21) ҳимояи диссертатсияи Шакармамадов Ориф Нисормамадович дар мавзуи “Вижагиҳои жанрии ривоят ва тафовути он аз жанрҳои дигари насри шифоҳӣ” (Дар асоси маводи ривоятҳои мардуми Бадахшон) барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.01.00 – Адабиётшиносӣ (10.01.09 – Фолклоршиносӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дар китобхонаи илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ шинос шудан мумкин аст.