8 майи соли 2025, соати 09:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-077 назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи Адҳамов, 11/2, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Саидиброимов Шозодаиброҳим Одилшоевич дар мавзуи «Ташаккули хирад ҳамчун хориқаи сирати миллӣ дар тафсири мутафаккирони асрҳои Х-ХI форсу тоҷик» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.01 – Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат дар сомонаи шурои диссертатсионӣ ва китобхонаи академия дар суроғаи 735734, шаҳри Душанбе, кӯчаи Адҳамов, 11/2 шинос шудан мумкин аст.