15 майи соли 2025, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-059 назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Бофанда, 5/2, толори шурои диссертатсионӣ) ҳимояи диссертатсияи Рахманов Азим Абдуллаевич дар мавзуи «Рушди назарияи муттаҳидшавии хокҳои сусти лойии аз об сершуда дар асоси иншооти гидротехникӣ» оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 05.23.00 – Сохтмон ва меъморӣ (05.23.07 – Сохтмони гидротехникӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ва дар китобхонаи Институт бо нишонии 734025, ш.Душанбе, к.Бофанда, 5/2 шинос шудан мумкин аст.