17 апрели соли 2025, соати 14:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА – 052 назди МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино" (ш. Душанбе, кӯчаи Сино 29-31) ҳимояи диссертатсияи Қоситов Диловар Давронҷонович дар мавзуи «Оптимизатсияи ташхис ва муолиҷаи ҷарроҳии гидротсефалияи авҷгиранда дар синни ширхорагӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D110118 – Нероҷарроҳӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино" ва дар китобхонаи Донишгоҳ бо нишонии 734026, ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31 шинос шудан мумкин аст.