19- уми апрели соли 2025, соати 11:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-048- и назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67) ҳимояи диссертатсияи Саидҷаҳфаров Аҳлиддин Илёсович дар мавзуи «Коркарди усулҳои такмили донишҳои математикии хонандагони синфи 8- ум зимни омӯзиши фанни алгебра бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.02 – Назария ва методикаи таълиму тарбия (13.00.02.03- Назария ва методикаи таълими фанҳои дақиқ (информатика), (таҳсилоти умумӣ)) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии: 735140, ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ 67 шинос шудан мумкин аст.