26 апрели соли 2025, соати 8:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-026-и назди МДТ-и “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” (ш. Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков, 1) ҳимояи диссертатсияи Бобохоҷаева Мавлуда Рустамовна дар мавзуи “Технологияи ташаккули қобилияти эҷодии хонандагони синфҳои ибтидоӣ тавассути муколамаи байнифарҳангӣ дар дарсҳои забони англисӣ” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.01 – Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот (илмҳои педагогӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ-и “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров” ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735700, ш. Хуҷанд, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 224 шинос шудан мумкин аст.