25 апрели соли 2025, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-014 назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/14) ҳимояи диссертатсияи Одиназода Сафаралӣ Пулодхон дар мавзуи «Такмили идоракунии давлатии бахши бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси - 08.00.07 – Молия, муомилоти пулӣ ва қарз баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДМИТ дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734067, ш. Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/14 шинос шудан мумкин аст.