15-уми майи соли 2025, соати 15:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-037-и назди МДТ-и “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” (ш. Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков, 1) ҳимояи диссертатсияи Сайдуллозода Заррина Сайдулло дар мавзуи «Махсусиятҳои тарҷумаи асарҳои Абдулҳамиди Самад ба забони русӣ: масъалаҳои муодилият» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.01.00 – Адабиётшиносӣ (10.01.01 – Адабиёти тоҷик, робитаҳои адабӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ-и “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров” ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 735700, ш. Хуҷанд, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 224 шинос шудан мумкин аст.