06 июня соли 2025, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-020-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, Буни Ҳисорак, бинои таълимии №10, ошёнаи 5, толори шурои олимон, ҳуҷраи № 503) ҳимояи диссертатсияи Юлдашев Абдулла Қурбонмаматович дар мавзуи «Таҳаввули сужа ва образҳои шоҳону паҳлавонони Сосонӣ дар адабиёти форсу тоҷик (асрҳои X-XI)» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.01.01 – Адабиёти тоҷик; равобити адабӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо нишонии 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.