17- уми майи соли 2025, соати 09^00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-048 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67) ҳимояи диссертатсияи Абдусамадзода Сайфулло Абдулманон дар мавзуи «Истифодаи технологияҳои инноватсионӣ-иттилоотӣ дар ташаккули салоҳиятҳои касбии донишҷӯёни коллеҷҳои тиббӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.08 – Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ (13.00.08.01- Назария ва методикаи фанҳои дақиқ (информатика)) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии: 735140, ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ 67 шинос шудан мумкин аст.