24 майи соли 2025, соати 14:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-081 назди Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» (ш. Душанбе, кӯчаи Борбад, 73а) ҳимояи диссертатсияи Зафари Шариф дар мавзуи «Таъмини инноватсионӣ-методии китобхона - омили рушди фаъолияти он (дар мисоли китобхонаҳои давлатию оммавии Тоҷикистон)» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D091000 – Кори китобдорӣ (6D091001 – Китобхонашиносӣ, библиографишиносӣ ва китобшиносӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода» ва дар китобхонаи илмии донишкада бо нишонии 734032, ш. Душанбе, кӯч. Борбад, 73а шинос шудан мумкин аст.