21 майи соли 2025, соати 10:00 дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-024 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17) ҳимояи диссертатсияи Раҷабзода Аъзамҷон Нурали дар мавзуи «Саҳми академик Талбак Назаров дар ташаккул ва рушди хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 07.00.15 - Таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ (илмҳои таърих) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он дар сомонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо нишонии 734025, ш. Душанбе хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.