21 майи соли 2025, соати 14.00 дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-006 назди Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон» (кӯчаи Мирзо Турсунзода, 31, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Салимзода Зумрат Ҷамшед дар мавзуи «Оид ба патогенези пеш аз муҳлат ҷудошавии машимаи дурустҷойгиршуда ва оптимизатсияи пешгирии он» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиб аз рӯйи ихтисоси 14.01.01 - Момопизишкӣ ва бемориҳои занона баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон» ва китобхонаи Пажӯҳишгоҳ бо нишонии 734002, ш. Душанбе, кучаи Мирзо Турсунзода, 31 шинос шудан мумкин аст.