24 майи соли 2025, соати 10:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-040 назди МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино" (ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31) ҳимояи диссертатсияи Обидов Ҷурахон Сайдалиевич дар мавзуи «Ҷарроҳиҳои паллиативӣ бо тармими яклаҳзаинаи нуқсони девораи пеши қафаси сина дар беморони гирифтори саратони шакли паҳншудаи ғадуди шир» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиббӣ аз рӯйи ихтисоси 14.01.12 - Саратоншиносӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино" ва дар китобхонаи Донишгоҳ бо нишонии 734026, ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31 шинос шудан мумкин аст.