- 19-уми июни соли 2025, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-021 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, Буни Ҳисорак, бинои таълимии №10, ошёнаи 5, толори шурои олимон, ҳуҷраи №503) ҳимояи диссертатсияи Соњибназарова Ҳавасмоҳ Тиллоевна дар мавзуи «Таҳқиқи муқоисавии воситаҳои тасвири бадеӣ дар матни асл ва тарҷума дар мисоли забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ (ҷанбаҳои забонӣ ва тарҷума)» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.02.20 – Забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ, қиёсӣ ва муқоисавӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо нишонии 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.