20-уми июни соли 2025, соати 10.00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-016 назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ( ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 146, маҷлисгоҳ, 114) ҳимояи диссертатсияи Саидмуродзод Ҷовид Ҷабборӣ дар мавзуи “Самаранокии истифодаи захираҳои замини ноҳияҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон (назария, методология, амалия)” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.04.02 – Иқтисодиёти комплекси агросаноатӣ баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 146 шинос шудан мумкин аст.