3 июни соли 2025, соати 13:30 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-067 назди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-21) ҳимояи диссертатсияи Мирзозода Ноил Мирзо дар мавзуи “Таҳлили муқоисавӣ-таърихии вожаҳои мансуб ба “Занд”-у “Позанд-и “Бурҳони қотеъ”-и Муҳаммадҳусайни Бурҳон барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D020500 – Филология (6D020502 – Забони тоҷикӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дар китобхонаи илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ шинос шудан мумкин аст.