3 июни соли 2025, соати 15:30 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-067 назди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-21) ҳимояи диссертатсияи Мирзозода Бахтиёр Сайалӣ дар мавзуи “Бедилшиносӣ дар Тоҷикистон” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.01.00 – Адабиётшиносӣ (10.01.01- Адабиёти тоҷик) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дар китобхонаи илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ шинос шудан мумкин аст.