05 июни соли 2025, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА – 008 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» (ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31) ҳимояи диссертатсияи Талабова Мадина Маҳмадалиевна дар мавзуи «Паҳншавии симптомҳои субклиникӣ ва клиникии бемориҳои кардиоваскулярӣ дар беморони гирифтори артрити ревматоидӣ бе ва бо зуҳуроти системавӣ дар заминаи табобати фаъоли назоратшаванда» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиббӣ аз рӯйи ихтисоси 14.01.04 – Бемориҳои дарунӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» ва дар китобхонаи Донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31 шинос шудан мумкин аст.