12-уми июни соли 2025, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-021-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, Буни Ҳисорак, бинои таълимии №10, ошёнаи 5, толори шурои олимон, ҳуҷраи №503) ҳимояи диссертатсияи Одинаева Шарифамо Назримадоваа дар мавзуи «Андешаҳои забоншиносии форсӣ-тоҷикӣ дар фарҳанги тафсирии «Анҷуманорои Носирӣ» ва муқоисаи онҳо бо «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.02.22 – Забонҳои халқҳои кишварҳои хориҷии Аврупо, Осиё, Африқо, сокинони бумии Амрико ва Австралия (забони форсӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.