7- уми июни соли 2025, соати 09:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-048 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67) ҳимояи диссертатсияи Бобоҷонова Саломат Раҳимҷоновна дар мавзуи «Хусусиятҳои ташаккули шуури ҳуқуқии омӯзгорони оянда дар раванди таҳсилоти мактаби олӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз руйи ихтисоси 13.00.08 – Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ (13.00.08.05 – Назария ва методикаи фанҳои ҷамъиятӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735140, ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ 67 шинос шудан мумкин аст.