10 июни соли 2025, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-017 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи С.Айнӣ, 44.) ҳимояи диссертатсияи Холиқзода Аҳлиддин Юлдош дар мавзуи «Мукаммалгардонии механизми ташкилӣ-иқтисодии идоракунии ҳифзи иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз руйи ихтисоси 6D050700- Менеҷмент (6D050704-Tашкил ва идоракунии корхонаҳо, низомҳо ва комплексҳо) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ИИД АМИТ ва дар китобхонаи институт бо нишонии 734024, ш. Душанбе кӯчаи С.Айнӣ, 44 шинос шудан мумкин аст.